Токио - 2020 барои Акмал Муродов хотима ёфт: ҷудочии гурҷӣ ӯро шикаст дод

© REUTERS / Kim Kyung-Hoon/PoolТалисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Муродов дар даври аввал ҳарифи худро шикаст дод, вале дар даври дуюм мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тоҷикистонро дар рӯзи чоруми мусобиқаи ҷудои Бозиҳои олимпии ТОкио - 2020, Акмал Муродов намояндагӣ кард.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Акмал дар даври аввал ҷудокори кишвари Гуам, Ҷоштер Эндрюро бо ду "ваза-ари" (суми гаеши ва коучи гари) шикаст дод.
Аммо дар даври дуюм аз паҳлавони машҳурТато Григалашвилии Гурҷистон шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Манбаъ меафзояд, фардо, рӯзи 28 июл дар вазни 90 кило Комроншоҳ Устопириён рӯи татами мебарояд.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Сомон пас аз ду пирӯзӣ аз ҳарифи озарбойҷонии худ шикаст хӯрд
Комроншоҳ дар даври аввал озод буда, муборизаро аз даври дуюм муқобили Аксел Клергети фаронсавӣ оғоз мекунад.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта Сомон Маҳмадбеков ҳампас аз ду пирӯзӣ аз ҳарифи Озарбойҷонии худ шикаст хӯрд ва идомаи мусобиқотканор монд.
Тоҷикистон ҳанӯз шонси ба даст овардани медал аз ин намуди варзишро аз даст надодааст ва ин умедро паҳлавонони тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов метавонанд бароварда кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала