Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Толибон"* мегӯянд, чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистонро сарнагун карданд

© REUTERS / Jalil AhmadМужчины с оружием в руках в Афганистане
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
"Толибон"" иддао доранд, ки чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистонро сарнагун карданд, аммо расонаҳо аз нишасти изтирорӣ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. "Толибон"* мегӯянд, як чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистонро дар вилояти Ҳилманд сарнагун кардаанд.

"Дар наздикии маркази ноҳияи Нодӣ Алии вилояти Ҳилманд, аъзои ҳаракат чархболи низомии душманро сарнагун карданд", - навиштааст Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин ҳаракат дар Twitter.

Ба гуфти ӯ, ҳамчунин маркази ноҳияи Ноди-Алӣ забт ва раиси полиси маҳаллӣ низ дастгир карда шуl.
Ҳамчунин, ба гуфти "Толибон"*, дар паи ин ҳамлаҳо афғонҳои зиёде кушта ва захмӣ шуданду силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Низомиёни афғон пули стратегӣ дар марз бо Ӯзбекистонро аз "Толибон"* бозпас гирифтанд
Дар баробари ин, расонаҳо бо истинод ба низомиёни Афғонистон хабар медиҳанд, ки чархболи нерӯҳои ҳавоии кишвар дар Ҳилманд нишасти изтирорӣ анҷом дод. Эҳтимолан бо сабабҳои техникӣ.
Хабар дода шуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст. Мусофирони дохили чархбол берун бароварда шуданд ва худи чархбол нобуд карда шуд.
Ҳамчунин, Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки нерӯҳои амнияти миллӣ дар давоми шабонарӯзи гузашта 187 ҷангҷӯи "Толибон"*-ро маҳв карданд.
Тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон "дар вилоятҳои Кунар, Логар, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Форёб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписа амалиёти низомӣ анҷом доданд".
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон дар бораи қабули афғонҳое, ки бо ИМА кор мекарданд, тасмим нагирифтааст
Масалан, дар вилояти Балх нерӯҳои мусаллаҳ минтақаи Калдорро аз дасти "Толибон"*, ки дар он ҷо шаҳри Ҳайратон ва пули аз ҷиҳати стратегӣ муҳим - пайвасткунандаи Афғонистон ва Ӯзбекистон ҷойгиранд, бозпас гирифтанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала