Тӯфони чангу ғубор ва то 43 дараҷа гармӣ: пешгӯии обу ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд.
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Дар минтақаҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Ҳушдори обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала