Язд бо Хуҷанд бародаршаҳр мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешНадпись в центре города Худжанд "Я люблю Худжанд", архивное фото
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Мақомоти шаҳри Язд ахиран эълон кардаанд, ки тафоҳумнома дар бораи бародаршаҳрии ин шаҳр бо Хуҷанди Тоҷикистонро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бар асоси иттилои радиои Садои Хуроссон, шаҳрдории Язд тасмим дорад бо мақомоти шаҳрҳои Карбалои Ироқ, Хуҷанди Тоҷикистон, Бурса ва Антиохияи Турция, Лиони Франция ва Гейделберги Германия тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ ба имзо расонад.
Бародаршаҳр дар фарҳанги тоҷикӣ -шаҳрест, ки бо шаҳри дигаре аҳду паймони дӯстии бародарона бастааст. Онҳо барои шиносоии васеъ бо ҳаёт, таърих ва фарҳанги якдигар истифода мешаванд.
Қарордодҳои бародаршаҳрӣ барои ҳар шаҳр ба хусус шаҳрҳои таърихӣ ва мироси ҷаҳонӣ, сармоя ва эътибор маҳсӯб мешавад ва каммияту кайфияти бародаршаҳрирӣ шохис ва нишонгари эътибори онҳо дар миқёси ҷаҳонӣ аст.
Подписание договора между Ашхабадом и Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2017
Душанбе ва Ишқобод бародаршаҳр шуданд
Паймони бародаршаҳри ба тақвияти равобити шаҳрҳо дар ҳавзаҳои мухталиф монанди санъат, тиҷорат, муровидоти илмӣ ва донишгоҳӣ, барқарории таомулоти фарҳангӣ ва равнақи фаъолиятҳои гардишгарӣ кумак мекунад.
Ёдрас мешавем, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дорои 18 бародаршаҳр бо кишварҳои чун Замбия, Яман, Тунис, Австрия, ИМА, Олмон, Русия, Туркия, Эрон, Чин ва ғайра мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала