Даҳ соли оянд Замин то сатҳи рекордӣ тафсон мешавад

© REUTERS \ David BeckerПосетитель национального парка Долина Смерти, США
Посетитель национального парка Долина Смерти, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Тибқи гуфтаҳои олимон, суръати бахшидани гармшавии кураи замин метавонад давраҳои зуд-зуд ва қавии ҳавои гармро дар сайёра ба вуҷуд орад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар даҳ соли оянда, эҳтимол заминро гармии ғайримуқаррарӣ фаро гирад, менависад Axios бо истинод ба омӯзиши кормандони Институти атмосфера ва иқлими Мактаби олии техникии Сюрих.
Тибқи гуфтаи олимон, суръат бахшидани гармшавии глобалӣ метавонад давраҳои зуд-зуд ва шадиди ҳавои гармро дар саросари ҷаҳон ба вуҷуд орад.
Тадқиқот нишон дод, ки афзоиши режими ҳарорати баланд аз ду то ҳафт маротиба эҳтимолан дар давраи аз соли 2021 то 2050 ва аз 3 то 21 маротиба - аз соли 2051 то 2080 ба назар мерасад.
Люди купаются в фонтане Unisphere в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Гарм ва сард: чӣ гуна амрикоиҳо дар мавзӯи иқлим бо ҷаҳон бозӣ мекунанд
Чунин тамоюл дар сурате ҷой дорад, агар сенарияи партоби зиёди гази карбон ба атмосфера идома ёбад.
Тибқи иттилои нашрия, ҳангоми баланд шудани ҳарорат дар соҳили Уқёнуси Ороми Амрико дар Сиэтл гармои ҳаво ба 42,2 дараҷа расид. Маълум аст, ки рекорди қаблӣ 39,4 муқаррар шуда буд.
Илова бар ин, дар Портленд ҳарорати ҳаво то 46,6 дараҷа гарм шуд, дар ҳоле ки рекорди қаблӣ 41,6 буд.
Лентаи хабарҳо
0