Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон маълум шуд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон вместе с президентом Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедовым
Президент РТ Эмомали Рахмон вместе с президентом Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедовым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Душанбею Ишқобод тайи як сол аст, ки ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқободро гуфт.
Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон дар назар аст 4-5 август баргузор шавад, гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷа.
"Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки ин сафари таърихӣ хоҳад буд", — гуфт Муҳриддин
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, тӯли як сол шуд, ки бо ҷониби Туркманистон оид ба сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Ишқобод кор карда истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 28-29 июл дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ахиран суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ба муносибати зодрӯзи Бердимуҳаммадов охири моҳи гузашта баргузор шуд, ки ӯ Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ даъват кард.
Дар ҷараёни суҳбат, Бердимуҳаммадов, Президенти Тоҷикистонро ба Туркманистон даъват кард ва Эмомалӣ Раҳмон таклифи ӯро пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лентаи хабарҳо
0