Занозании шабонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кӯчаҳои Санкт-Петербург

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузаштан ба хазинаи аксДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Миёни чанд ҷавоне дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти шимоли Русия занозании гурӯҳӣ рух додааст
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Шаби 27 июл дар кӯчаи Казанскии Санкт-Петербург занозании гурӯҳӣ бо иштироки наздик ба шаш нафар рух дод, менависад gazeta.spb.ru.
Дар наворҳои видеоӣ, ки аллакай дар Интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ки пиёдагард ва як қисми роҳи мошингард барои ҷҷавонон ба як майдони набард табдил ёфтааст.
Дар навор дида мешавад, ки бархе ҷавонон занозанӣ мекарданду дигарон кӯшиш мекарданд, онҳоро аз ҳам ҷудо намоянд, аммо бенатиҷа.
Сокинони Санкт-Петербург дар бораи занозаниии шабона, ки дар маркази шаҳр рух дод, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ доданд, ки ин дафъа занозанӣ бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ аз набардҳои MMA бадтар буд.
Проверка документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Пулиси Маскав пас аз занозании гурӯҳӣ дар Кузминки амалиёти “муҳоҷир”-ро оғоз кард
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол дар ин бора шарҳе надодааст.
Инчунин маълум нест, ки дар ин занозании гурӯҳӣ шаҳрвандони кадом давлат иштирок доштанд ва сабаби муноқиша байни онҳоро дар чӣ будааст.
Чанд рӯз қабл, дар шаҳраки Апрелевкаи вилояти Маскав низ занозании гурӯҳии муҳоҷирон рух дода буд.
Маълум аст, ки дар ин ҳодиса тақрибан 20 нафар иштирок доштанд. Ҳангоми задухӯрд муҳоҷирон аз чӯбу шишаҳо истифода карданд. Дар натиҷаи занозанӣ чанд мошин осеб дид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала