То охири ҳамин сол: Амонзода дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт

© Sputnik Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯест, ки солҳо онро мақомоти Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт.
Масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯест, ки солҳо онро мақомоти Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вазир, ниҳоят он феълан дар шакли лоиҳаест, ки то охири ҳамин сол бояд ба тасвиб расад.
"Таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаест, ки аллакай дар баррасӣ Агентии нафақа қарор дорад ва яке аз лоиҳаи санадҳоест, ки то охири ҳамин сол бояд ба тасвиб расад", - гуфт вай.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора пештар роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфта буд.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Дар Русия кор куну дар Тоҷикистон нафақа гир: шарҳи пардохти нафақа ба муҳоҷирон
Ба қавли вай, тамоми ҷанбаҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи нафақа ҳангоми видеоконфронси корӣ ҳалли худро ёфтанд.
"Лоиҳа бо мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст", - гуфт Давлатзода.
Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.
Ин дар ҳолест, ки пештар вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод.
Ӯ гуфт, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, нафақа хоҳанд гирифт.
"Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд", - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.
Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррарии ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Чаро дар Тоҷикистон пешниҳоди боло бурдани синни нафақаро напазируфтанд?
Муҳоҷирон, замоне, ки ба ватани худ бармегарданд, нафақа мегиранд. Нафақаро он давлате пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он ҷо кор кардааст.
Манбаъ афзуд, чунин шакли пардохти нафақа дар Русия аз солҳои пеш ҷорӣ буд, зеро Русия ба гунаи созишнома бо Тоҷикистон шартномаҳои зиёд дорад, аз ҷумла бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ИДМ ва кишварҳои узви ИИАО.
"Онҳое, ки бо мо кор карданд, аз ҳисоби мо дар хориҷа нафақа мегиранд, онҳое, ки дар хориҷа кор карда ба ватан баргаштанд, дар ин ҷо мегиранд", - хулоса кард Бессараб.
Лентаи хабарҳо
0