Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд

© Sputnik Амир ИсаевМуродали Алимардон. Архивное фото
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардонов моҳи марти соли ҷорӣ мавриди афв қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Бародари раиси пешини "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардонов дар Тоҷикистон ба ғасби маблағи калони бонки мазкур муттаҳам дониста мешуд.
Аммо, намояндагони оҷонсии мазкур рӯзи 28 июл дар нишасти матбуотӣ қайд намуданд, ки Парда Алимардонов аллакай 105 миллион сомониро ба давлат баргардонд ва аз ин рӯ нисбати ӯ афв татбиқ карда шуд.
Ҳабси 4 корманди собиқи “Амонатбонк” барои тасарруфи пули шиносномаҳои хориҷӣ
Дар мавриди аз ҷавобгарӣ раҳо шудани Алимардонов ба хабарнигорон Фахриддин Акрамзода муовини раёсати Оҷонсии зидди фасод хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, се корманди гурӯҳи ширкатҳои "Баракат", вобаста ба Парда Алимардонов, ки дар тасарруфи даҳҳои миллион сомонӣ муттаҳам дониста мешаванд, ҳамоно дар ҷустуҷӯ мебошанд.
"Ба маълумоти расида, фирориён феълан дар Федератсияи Русия қарор доранд", - таъкид намуд Акрамзода.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Парда Алимардон ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.
Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд.
Оҷонсӣ гуфт, зарарҳои расонида қисман барқарор шуда, дар сурати пурра барқарор шудан нисбати боздоштшуда санади авф татбиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала