Чангу ғубор ва гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешаваду чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон то +40 дараҷа гарм мешавад, дар дигар вилоятҳо чӣ?
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, рӯзи 28 июл, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои шарқӣ борон меборад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 27+37 дараҷа мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +25 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +38 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +30 дараҷа гарм мешавад.
Снег в июле. Памир, Мургаб, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Тобистони барфӣ: навори барфрезӣ дар Тоҷикистон
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +36 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Борон намеборад вале чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо то +40 дараҷа тафсон мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +36 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе бебориш мешавад, вале чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала