Чемпионати Осиё миёни муштзанҳои ҷавону наврас: баробари медал ҷоизапулӣ низ мегиранд

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар Чемпионати навбатии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар риштаи бокс, ҷоизадоронро дар баробари медал инчунин мукофотпулӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар Чемпионати навбатии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар риштаи бокс, ҷоизадоронро дар баробари медал инчунин мукофотпулӣ интизор аст
Чемпионҳои Осиё миёни ҷавонон, ки нимаи дуюми моҳи август дар Дубай муайян мешаванд, медали тилло ва шаш ҳазор доллар ҷоизапулӣ мегиранд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали медали нуқра ба даст меоранд, 3 ҳазор доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллар мукофотпулӣ мегиранд.
Женский бой чемпионата Азии по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Беҳтарин муштзанҳои соли 2021 дар Тоҷикистон муайян шуданд
Таъкид шудааст, ки ҷоизадорон миёни наврасон барои медали тилло бо 4 ҳазор доллари ИМА, барои нуқра бо 2 ҳазор доллар ва биринҷӣ бо як ҳазор доллар сарфароз мегарданд.

Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон 17-31 август дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Бори аввал дар таърихи бокси Осиё чемпионат миёни ҷавонон ва наврасон дар як вақт доир мегардад.
Дар ин сабқат миёни ҷавонон варзишгарони соли таваллудашон 2003-2004 имкон иштирок доранд. Варзишгарони соли таваллудашон 2005-2006 метавонанд дар Чемпионати Осиё миёни наврасон ширкат намоянд, таъкид намуд Кумитаи миллии олимпӣ.
Лентаи хабарҳо
0