“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - акс

© акс аз саҳифаи Юсуф РаҷабовЮсуф Раҷабов, бародари Таҳмина Раҷабова
Юсуф Раҷабов, бародари Таҳмина Раҷабова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Юсуф Раҷабов, ки дар миёни хонаводаи Раҷабовҳо бо номи Бобоҷон хитоб мешуд, даргузашт. Ӯ 32 сол дошт
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон аз марги Юсуф Раҷабов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

“Бобоҷони апа, додари апа, сӯхтам барои ту, ҷону ҷигаракам. Аллоҳи меҳрубон ҷоята ҷаннат гардонад, ҷони апа”, - навиштааст Таҳмина Раҷабова.

Марҳум ҳамагӣ 32 сол дошт ва наздикон сабаби маргро марбути коронавирус медонанд.
Дар мавриди иллати даргузашти Юсуф, Таҳмина Раҷабова чизе нанавиштааст, аммо як узви оилаи Раҷабовҳо ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки марҳум гирифтори коронавирус буд. Бархе аз корбарон зимни изҳори ҳамдардӣ ба аъзои хонаводаи Раҷабовҳо дар шарҳҳо изҳор доштаанд, ки “Худо ин вабои асрро аз сари башарият дур гардонад”. Бар асоси саҳифаҳои иҷтимоии Юсуф Раҷабов, ӯ чанд ҳафтаи қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будаасту бо дӯстонаш шӯхиҳо мекардааст.
Худи Таҳмина Раҷабоваи 39-сола, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар Русия қарор дошту баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар карантин қарор дошт, гуфта буд, ки ӯ ва бархе аъзои оилааш ин бемориро паси сар карданд.
Раҷабова соли гузашта гуфта буд, ки аъзои хонавода бемориро сабук гузаронданд, аз ҷумла модари 63-солааш низ ин бемориро паси сар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала