Ҳамдардии Оқохони IV бо Эмомалӣ Раҳмон: "дуогӯ ва ғамшарики шумо ҳастам"

© Sputnik / Эдуард Песов / Гузариш ба медиабонкАга Хан IV, архивное фото
Ага Хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори таслият кард
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар робита ба даргузашти хушдоман ва хоҳари президенти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ӯ дар барқияи таслияташ ба президенти Тоҷикистон ва аҳли хонаводаашон сабри ҷамил хостааст.
"Ман ба Шумо ҳамдардии самимии хешро нисбати даргузашти хушдоман ва хоҳари маҳбубатон иброз медорам. Бигзор руҳи рафтагон дар осоиштагии абадӣ бошад ва Худованди Карим ба Шумо ва аҳли оилаатон сабри ҷамил ва ирода барои тоб овардани ин талафоти ҷуброннопазир ато намояд".
Оқохони IV гуфтааст, ки дар ин рӯзҳои хеле ғамангез дуогӯ ва ғамшарики Эмомалӣ Раҳмон аст.
Андӯҳи гарон: ҳамдардии мақомдорони вилояти Суғд бо Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамчунин, дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари президенти Тоҷикистон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардидаанд.
Президент Эмомали Рахмон и глава Хатлонской области Курбон Хакимзода в усыпальнице Султана Увайса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Самимӣ, беозор, намунаи ибрат: ёди мақомдорон аз некиҳои Қурбонбӣ, хоҳари Президент
Ҳамин тавр, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам, бо кишвардори Тоҷикистон ҳамдардӣ кардаанд.
Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт. Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова изҳори тасаллият кард. Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0