Комроншоҳ ҳам мағлуб шуд: охирин умеди Тоҷикистон Темур Раҳимов аст

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 барои чудокори тоҷик Комроншоҳ Устопириён анҷом ёфт. Ӯро ҳарифи фаронсавияш мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 дар риштаи ҷудо 4 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки ҳамакнун ин мусобиқа барои 3 ҷудокори тоҷик анҷом ёфт.
Ду рӯз қабл Сомону Акмал, аввали пас аз ду бурд ва дуввуми пас аз як пирӯзӣ мағлуб шуданд.
Рӯзи 28 июл дар панҷумин рӯзи мусобиқот Комроншоҳ ба майдони мубориза ворид шуд, аммо набарди ӯ бо бохт анҷомид.
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Токио - 2020 барои Акмал Муродов хотима ёфт: ҷудочии гурҷӣ ӯро шикаст дод
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, Комроншоҳ дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм муқобили ҷудокори Фаронса Аксел Клергет оғоз кард.
"Комроншоҳ дар "голден скор" бо усули буғӣ кардан мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Ҳамин тариқ, умеди ягонаи Тоҷикистон дар риштаи ҷудо Темур Раҳимов аст, ки муҳорибаи ӯ рӯзи 30 июл сурат мегирад.
Темур дар даври аввал бо Эндӣ Гранда ҷудокори Куба қувва меозмояд.
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 то 8 августи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0