Ташкили “Мактаби Эмомалӣ Раҳмон”: довталабон аз рӯи кадом ихтисосҳо қабул мешаванд?

Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” – ро таъсис додааст
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки довталабон ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯи кадом бахшҳо қабул мешаванд.
“Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Ғафурзода.
Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ дар соли таҳсили 2020-2021 Академияи идоракунии давлатиро 883 нафар донишҷӯёну магистрантон бояд хатм менамуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 ҳудуди 556 нафар зиёд мебошад.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
“Бетарбиягии мансабдорон”: Вазир гуфт, канӣ муллоҳоро чунин гӯед
“Аз 834 нафаре, ки дар аттестатсияи давлатии хатм иштирок намуданд, 808 нафарашон аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузашта, 26 нафар хатмкунандагон, мутаассифона, соҳиби баҳои ғайриқаноатбахш гардида, аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштанд”, - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои Ғафурзода дар холҳои гирифтаи хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта 5,9% баланд шудааст. Ӯ афзуд, аз шумораи умумии хатмкунандагони зинаи бакалавру магистратура 54 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд, ки 10,1%-и умумиро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Академия 3 ҳазору 824 донишҷӯ ва магистрант таҳсил мекунад, ки 787 нафарашон ройгону 3037 нафар тариқи пулакӣ дарс хонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала