Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

"Тағобозӣ" -и мансабдорони Тоҷикистон зиёд шуд: шарҳи Ожонсии зидди фасод

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар Тоҷикистон наздики 100 ҳолати нақзи қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун беш аз 940 парвандаи корупсионӣ баррасӣ шудааст.
Ӯ қайд кард, ки дар давоми ним сол дар Тоҷикистон 96 ҳолати нақзи қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ошкор шудааст.
Сулаймон Султонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Ожонсии зидди фасод аз боздошти ду мансабдори баландпоя хабар дод
Моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” кори якҷояи хешовандон дар як идораи давлтиро манъ кардааст. Гуфта мешавад, ки хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад.
Султонзода ҳамчунин хабар дод, ки Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронидааст.
Хешутаборбозҳо дар ним сол боз зиёд шуданд – шарҳи Агентии мубориза бо коррупсия
Тибқи маълумоти Ожонсии зидди фасод, зимни ин санҷишҳо 235,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 178,4 млн сомонӣ ё 75,7 фоиз барқарор карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала