Марг каму зоиш зиёд: афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон

Обуна шудан
Шумораи аҳолии сайёра то 30 соли ояндаи наздик 2 миллиард нафар зиёд шуда, он аз 7,7 миллиард нафар дар соли 2019 ба 9,7 миллиард нафар дар соли 2050 мерасад
Тибқи омори СММ, аҳолии Тоҷикистон низ то соли 2050 ба беш аз 5 миллион нафар афзуда, зиёда аз 14,5 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
Тибқи дурнамои СММ то соли 2100 аҳолии ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд шуда ба беш аз 25 миллион мерасад.
Дар ҳамин ҳол то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар ва дар соли 2040 ба 14 миллион нафар хоҳад расид.
Таъкид шудааст, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2100 ба ҳисоби миёна метавонад ҳадди ақал 15 миллион ва ҳадди аксар то 45 миллион нафарро ташкил диҳад.
СММ илова намудааст, ки омори Тоҷикистон тибқи модули Байесовский таҳия гардидааст, ки асоси онро қазияи Байес ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳури таваллуди рекордӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар кишвар 104 737 кӯдак таваллуд шудааст. Бояд гуфт, ки соли гузашта дар тӯли шаш моҳ 101 141 кӯдак таваллуд шуда буд.
Ҳамзамон ин ниҳоджи давлати қайд кардааст, ки дар кишвар шумори марг коҳиш ёфтааст. Дар давоми шаш моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 17 272 марг ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондиҳанда 18 777 нафрарро ташкил медод.
Лентаи хабарҳо
0