Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: рӯйхат

© Sputnik Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Дар садри феҳристи мақомотҳои фасодзадатарин дар Тоҷикистон: мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, низоми бонкӣ ва маориф меистанд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом мақомоти давлатӣ бештар қонуншиканӣ ошкор шудааст.
Тибқи маълумот дар бораи вазъи ҷиноӣ дар ҷумҳурӣ дар ним сол, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 113 ҷиноят.
Дар ҷои дуюм аз рӯи шумораи ҷиноятҳо низоми бонкӣ будааст, ки дар он 93 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ ошкор карда шуданд.
Дар зинаи сеюм бо 79 далел соҳаи маориф ва илм қарор гирифтааст.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд
Шумораи ҷиноятҳои сабтшудаи коррупсионӣ инчунин дар Кумитаи идораи замин ва геодезӣ ба 78 адад баробар будааст.
Дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 49 ҳолати ҷиноятҳои ошкоршуда ба қайд гирифта шуданд.
Ба иттилои агентӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар системаи корҳои дохилӣ 44, мудофиа 22, фарҳанг 17, меҳнат 15, нақлиёт 10, ҳокимияти судӣ 12, "Барқи тоҷик" - 55 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар давоми шаш моҳи соли равон, дар Тоҷикистон 1211 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумор 470 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад.
Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Султонзода гуфт, ба давлати Тоҷикистон дар шаш моҳ чиқадар зарари молиявӣ расидааст
Дар баробари ин, 171 ҷинояти азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҷиноят вобаста ба тассаруфи пулу мол ба тариқи кредит, 41 ҷинояти гирифтану додани пора чаҳор ҷинояти саркашӣ аз пардохти андозҳо, 119 ҷинояти сохтакории хизматӣ ва 208 ҷиноят бо хариду фурӯши ғайриқонунии замин қайд шудааст.
Ҳамчунин, дар таи ним сол дар Тоҷикистон - 21 ҷиноят вобаста ба воридоту ба муомилот баровардани молу маҳсулоти пастсифати ғизоиву доруворӣ 8 ҷиноят оид ба терроризму экстремизм 3 ҷиноят марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ду ҷиноят вобаста ба нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала