Парвандаи Акбар Ҳакимов, соҳибкори маъруфи тоҷик, ба суд рафт

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузаштан ба хазинаи аксСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Парвандаи Акбар Ҳакимов, соҳибкори маъруфи тоҷик, яке дигар аз қурбониёни қазияи қарзҳои “Агроинвестбонк” ба суд рафтааст
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Фахриддин Акрамзода, муовини раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, Акбар Ҳакимов дар вақти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ фақат тавонист 4,8 миллион сомонӣ маблағи зарарро барқарор кунад ва бақия 146 миллионро баргардонида натавонист.
“Ӯ аз рӯи банди 3 – и моддаи 246 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда” - ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Парвандаи ӯ 2 марти соли равон ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол шуд ва ҳоло дар марҳалаи баррасӣ аст”, - гуфт Фахриддин Акрамзода.
Акбар Ҳакимов моҳи марти соли 2020 дар робита ба қарзҳои ширкатҳояш аз “Агроинвестбонк” аз сӯи кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуд.
Парвандаи ӯ як ҳалқаи занҷираи парвандаҳоест, ки бо ҷавобгарии даҳҳо масъули ширкати хурду бузурги Тоҷикистон дар атрофи қарзҳои “Агроинвестбонк” боз шуда буданд.
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Суҳроби “валютчик” дастгир шудааст: баррасии парванда алайҳи ӯ дар суд идома дорад
Акбар Ҳакимов, яке аз тоҷирони бузурги Тоҷикистон аст, ки асосан дар соҳаи саноати кишоварзӣ кор мекард. Ӯ молики ду ширкати бузург – “Ганҷи ҳилол” ва “Спитамен текстайлз” мебошад, ки ҳудуди даҳ корхонаи хурду бузургро дар саросари Тоҷикистон - Душанбе, Файзобод, Ҷомӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Конибодом фаъолият доранд.
Ӯ миёни солҳои 2005-2010 барои асрисозии корхонаҳои равғанбарориву коркарди пахта дар ноҳияи Спитамен ва таҷдиди мурғхонаҳои харобшудаи Файзобод - "Заводи мурғи зотии Гумбулоқ" аз “Агроинвестбонк” ҳудуди 150 миллион сомонӣ қарз гирифта, ин тарҳҳоро бо муваффақият ба анҷом расондааст, аммо дар пардохти он ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Муовини раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда нисбати 57 масъули 27 ширкат, назири “Баракат”, “ХИМА”, “Ганҷ”, “Хуҷанд Инвест Коттон” ва “Коттон Текстайл” ва ғайра парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, якчанд парванда дар соли 2020 ба анҷом расид.
“Дар маҷмуъ 13 парванда ба анҷом расида, аз ҷумла 11 парванда бо татбиқи санади авф ва се парвандаи ҷиноӣ нисбати 13 нафар бино бар барқарор нашудани маблағҳои зарар ба судҳо ирсол шудаанд.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Ҷаримаи мансабдори дастгоҳи раиси Суғд барои нақзи қонуни танзим: дастури раиси Суди олӣ
Бино ба ин манбаъ, дар раванди тафтиши пешакии парвандаҳои мазкур ба тариқи нақдӣ ва ба ҳисоби давлат гузаронидани молу мулки ширкатҳои қарздор 223 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шудааст”, - гуфт Фахриддин Акрамзода.
Бино ба иттилои Суди олии Тоҷикистон, ду парванда ба Исматулло Ҳаёев, мудири кулли ширкати “ХИМА” ва Илҳом Шарбатов, маъруф ба “Илҳом Командир”, мудири кулли ширкати “Котонтекстайл” рабт доранд, ки аввалӣ, барои тасарруфи 80 миллион сомонӣ ба 11 ва дуввумӣ, барои 6,4 миллион сомонии "Агроинвестбонк" 9 сол зиндонӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала