Шойгу: Пойгоҳи 201 Русия марзи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкСовещание по подведению итогов учений "Кавказ-2016"
Совещание по подведению итогов учений Кавказ-2016 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Сергей Шойгу мегӯяд, дар сурати сар задани таҳдид Русия ҳатман Пойгоҳи 201 - умро ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Федератсияи Русия пойгоҳи низомии 201-уми худро барои ҳимояи сарҳадоти Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард. Дар ин бора вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу изҳор дошт.
Ӯ мегӯяд, Русия ҳатман чунин чораҷӯӣ мекунад, агар ба кишвар дар робита ба вазъи ноустувори Ҷумҳурии Афғонистон хатаре таҳдид кунад.
"Пойгоҳи 201 - ум дар ин ҷо маҳз бо мақсади ҳифзи субот ва оромӣ дар ин минтақа мустақар аст", - шарҳ дод Шойгу.
Ба изҳори вазири мудофиа, феълан Русия ҷиддан авзои марзро назорат мекунад.
"Мо ҳамаи ҳодисаҳои марзӣ ва кӯшиши интиқоли ҷангиён ба қаламрави Тоҷикистонро сарфи назар намекунем. Дар сурати таҳдид ба ҳампаймони мо, узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, албатта Русия вокуниш хоҳад кард ва пеш аз ҳама Пойгоҳи 201 - уми мустақар дар Тоҷикистонро ҷалб мекунад", - таъкид кард Шойгу.
Вай ишора кард, ки Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ ҳама гуна кумак хоҳад кард. Ин кишвар аллакай ба Тоҷикистон лавозимоти иловагии силоҳ ва таҷҳизот фиристодааст.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу во время осмотра экспозиции выставки вооружений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу: Русия омода аст, ҳар кумаки заруриро ба Тоҷикистон ироа кунад
Қаблан сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов омодагии худро барои фаъол кардани нерӯҳои пойгоҳи низомии Русия дар ҷумҳурӣ эълон карда буд. Вай қайд кард, ки низомиён дар ҳолати зарурӣ амалҳои таҷовузкоронаи террористони афғонро бартараф мекунанд.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки Федератсияи Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон иштирок мекунад ва дар ояндаи наздик посгоҳи нави марзӣ дар Шӯрообод сохта хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0