Говҳои русиягии яктоннагӣ: президент дар ноҳияи Айнӣ ферма кушод

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонБа истифода додани фермаи чорвопарварӣ дар ноҳияи Айнӣ
Ба истифода додани фермаи чорвопарварӣ дар ноҳияи Айнӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Дар назар аст, ки ин ферма дар як сол 40 тонна гӯшт истеҳсол кунад ва бозорҳои шаҳру навоҳии кишварро бо маҳсулот таъмин намояд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ фермаи соҳибкори маҳаллиро ифтитоҳ кардааст. Гуфта мешавад, дар он говҳои зоти русӣ парвариш карда мешаванд.
Бино бар иттилои манбаъ, интизор меравад, ки минбаъд фермаи мазкур ҳудуди 40 тонна дар як сол гӯшт истеҳсол карда, бозорҳои шаҳру навоҳии кишварро нисбатан ба гӯшти арзон таъмин кунанд.
Эмомали Рахмон открыл парк культур и отдыха, государственный символ и флаг в Ховалинском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Ифтитоҳи як қатор иншоотҳои муҳим дар Айнӣ: сафари Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад
"Ин зоти гов барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории пешакӣ, он метавонад то 1300 килограмм вазн гирад", - менависад дафтари матбуоти президент.
Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи чунин фермаро дар вазъи куннуӣ муҳим арзёбӣ кардааст.
Тибқи иттилои мақомот, айни замон саршумори умумии чорвои калон дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Айнӣ 33 ҳазору 371 сарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин кишоварзон ва хоҷагидорони ноҳия 134 ҳазору 422 сар моли майдаро нигоҳубин ва парвариш мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала