Парвози "Тоҷик Эйр" пас аз танаффузи зиёд дар самти Душанбе – Самарқанд: 28 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 28 июля
День 28 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту ҳаштуми июл Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи гепатит мебошад.

Рӯзи 28 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1868 Конститутсияи ИМА бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода мешуд.
Соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардиданд (12 август ба анҷом расиданд).
День 27 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Зодрӯзи Владимир Бидило ва Кароматулло Олимов: рӯзи 27 июл дар таърих
Соли 1992 дар Афғонистон дар телевизион баромад кардани занон манъ карда шуд.
Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар варзишгоҳи "Металлург"- и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.
Соли 2011 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлати ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд.
День 26 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ва зодрӯзи Юнусалӣ Эргашев: 26 июл дар таърих
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.
Соли 2018 бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов "Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ" ба табъ расид
Соли 2018 Ширкати миллии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" пас аз танаффузи зиёд тавассути ҳавопаймои "Boeing 737-300" дар самти Душанбе – Самарқанд нахустин парвозро анҷом дод.

Ҷашнҳои рӯзи 28 июл

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.
Дар Перу – Рӯзи Истиқлолият.

Рӯзи 28 июл кӣ ба дунё омадааст

1165 - Ибни Арабӣ, динманди исломӣ, назариётчии тасаввуф.
1804 - Людвиг Фейербах, файласуфи олмонӣ.
1806 - Александр Иванов, рассоми рус, академики Академияи рассомии Санкт-Петербург.
1822 - Аполлон Григорев, шоир, мунаққиди рус, муаллифи романсҳо.
1906 - Фёдор Решетников, рассоми шӯравии рус.
1922 - Жак Пиккар, сайёҳи швейтсарии баҳри амиқ.
1926 - Инна Макарова, ҳунарманди кино, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС.
1929 - Жаклин Кеннеди, бонуи аввали Иёлоти Муттаҳида аз соли 1961 то 1963.
1943 - Марианна Вертинская, ҳунарпешаи театр ва кино.
1951 - Наталя Белохвостикова, ҳунарпешаи синамои Русия,
1969 - Юлия Меншова, ҳунарпешаи театр ва кинои Русия, ровии телевизион.
1982 - Максим Матвеев, актёри театр ва кинои Русия.
Лентаи хабарҳо
0