Шойгу дар бораи асир афтодан дар Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу дар бораи гурезагон, даҳшатҳои ҷанг ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik, Мария Науменко. Сергей Шойгу, вазири вақти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои 90-ум, ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон шахсан дар кӯчонидани аҳолии русзабон аз ҷумҳурӣ ширкат дошт.
"Ҳар боре ки ман ба ин ҷо меоям, ман рӯзҳои сахти ибтидои солҳои навадум ба ёд меорам. Он замон дар бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси вазири мудофиаи шаҳрвандӣ масъалаҳои башардӯстонаро ҳал мекардам ва русзабононро берун мебурдам. Гоҳо вориди гуфтушунидҳои душвор мешудам ва ба дасти авбошон гаравгон низ афтодаам ", - гуфт Шойгу дар мулоқоти вазирони дифоъи СҲШ.
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу аз нокомии нерӯҳои ИМА дар Афғонистон гуфт
Дар Тоҷикистон Шойгу якҷоя бо Сарфармондеҳи нерӯҳои заминӣ Эдуард Воробёв кор мекард.
Баъзан лозим меомад, ки на танҳо қатъӣ, балки сахт амал кунанд. Масалан, вақте ки дивизияи 201 ва отряди сарҳадӣ саривақт бо ҳайати шахсӣ тақвият дода шуданд, баровардани силоҳҳои мутамарказ қатъ карда шуд.
Пас аз он марзбонони Русия ва дивизияи 201 фурудгоҳро таҳти назорат гирифтанд ва тарки паноҳандагон аз қаламрави ҷумҳуриро ба роҳ монданд.
"Дар он лаҳзаи душвор зарур буд, ки саривақт ҳам тавассути марзбонони мо ва ҳам тавассути дивизияи 201-и мо, ки баъдтар ба пойгоҳи низомии Русия табдил ёфтааст, тасмимҳои душвор гирифта шаванд", - гуфт Шойгу.
Встреча Председателя Правительства Российской Федерации Виктора Степановича Черномырдина с Президентом Республики Таджикистан Эмомали Шариповичем Рахмоновым и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Нуриддиновичем Саидовым (Абдулло Нуриддинович Саидов). Слева направо: Э. Рахмонов, спецпредставитель ООН в Таджикистане Дитрех Меррем и А. Саидов. 1997 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Аз тавсифи Раҳмон ва Нурӣ то наҷоти Гулрухсор: суҳбати Акаев дар бораи ҷангу сулҳ - видео
" Зиёда аз 150 қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Русия фиристода шуданд. Ва ин яке аз бузургтарин амалиёти ҳифзи сулҳи Русияи нав буд. "
"Вазъ хело зуд тағйир меёфт. Ҳеҷ кас ба мушкилоти гурезагон сарукор надошт. Мо бояд барои кӯчондани ҳазорҳо ҳазор оилаҳо корҳои зиёдеро анҷом медодем ва амнияти онҳоро таъмин мекардем.
"Воқзали Душанбе пур аз шаҳрвандоне буд, ки аз ҷанг мегурехтанд. Маълум набуд, оё қатор мешавад, ё намешавад. Ва он гоҳ бори аввал мо тавонистем ба ин ҷо тақрибан панҷ ҳазорвагон оварем", - ба ёд меорад вазир.
Сипас, дар соли 1995 якчанд даври гуфтушунидҳо байни оппозисиюн ва ҳукумат дар Маскав ва Кобул баргузор шуданд. Онҳо дар бораи оташбаси қисман созиш ба даст оварданд.
27 июни соли 1997 дар Маскав бо миёнаравии СММ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди оппозисиюни Тоҷик созишномаи ниҳоии сулҳ ба имзо расид. Тибқи натиҷаҳои интихоботи соли 1999, Эмомалӣ Раҳмон президент шуд.
Тибқи рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Шойгу шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мешиносад. Муошират дар ҷараёни мулоқотҳо бо забони русӣ низ аз муносибатҳои дӯстона шаҳодат медиҳад.
"Президенти Тоҷикистон ва ман таърихи тӯлонии муносибатҳои воқеан гарму эҳтиромона дорем. Мо 25 сол боз - аз солҳои 1993-94, якдигарро шиносем ", - гуфт Шойгу.
Вазири Русия илова кард, ки ӯ ва Раҳмон саргузаштҳое доранд, ки дар ҳар мулоқот ба ёд меоваранд.
"Эмомалӣ Шарипович ба ман ва ба атрофиён мегӯяд:" Шумо моро аз ҳама бештар мефаҳмед, зеро шумо дар он вақте, ки мо гаравгони авбошон будем, бо мо будед ... Аммо як қиссаи алоҳида аст. Он замон сахт буд, ҳатто имрӯз ба ёд овардан душвор аст " - мегӯяд Шойгу.
Лентаи хабарҳо
0