Шойгу кӯшиши Амрико барои пайдо кардани ҷойгоҳ дар Осиёи Марказиро "хирагӣ" номид

Обуна шудан
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия кӯшиши Пентагон дар мавриди пайдо кардани ҷойгоҳ дар Осиёи Марказиро шарҳ дод
Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, Амрико пас аз хуруҷ шудан аз қаламрави Афғонистон бо кишварҳои дар ҳамсоягӣ будаи ин давлат музокироти "хира ва фаъол" - ро пиёда кард.
Иёлоти Муттаҳида хуруҷи нерӯҳояшро эълон карду фавран бо ҳамсоякишварҳои ин давлат дар мавриди зарурати таъсис додани маркази логистикӣ, ва ҳамзамон пойгоҳ барои берун овардани таҷҳизоти ҳарбӣ ва гурезаҳо музокирот сар кард.
"Мантиқи солим - чаро пас берун мераванду фавран дар паси девор истода, аз тарқишҳо кӯшиш мекунанд, ки дохилро назорат кунанд. Тарк кардан пас чӣ маънӣ дошт, агар дар марз монданӣ ҳастанд?", - таъкид намуд Шойгу.
Зимнан, вазири мудофиа дар посух ба ин суолҳои худ зикр кард, ки албатта ҷавоб рушан аст. Амрико мехоҳад дар Осиёи Марказӣ боқӣ монад, дар ҳоле, ки бохту дар Афғонистон ҳама чизро аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0