Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Сирояти рекордӣ ва қайди боз як марги дигар аз коронавирус: омори нави вазорат

© REUTERS / DANISH SIDDIQUIЛечение больных с коронавирусом
Лечение больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Вазорати тандурустӣ аз сироятӣ боз 88 нафари дигар ба вируси корона дар кишвар хабар дод. Афзоиши беморон дар тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон, ба нишондиҳандаи рекордӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта афзоиши якбораи сироят ба вируси корона ба қайд гирифта шуд. Дар як рӯз 88 ҳолати нав ошкор карда шуд, ки аз оғози мавҷи дуюми вирус ба қайд гирифта нашуда буд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 78 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14761 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14245 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат хабари нохуш додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 119 нафар расид.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфт
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи ваксинзанӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала