Интиқоли ваксинаи амрикоӣ ба ВМКБ: Файзов гуфт, аввал киҳо эмин мешаванд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПредседатель ГБАО Ёдгор Файзов
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, бо баргузории ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус дар вилоят гуфт, 50 ҳазор вояи ваксинаи “Модерна” дастрас карда шудаанд.
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Роҳбари ВМКБ бо зикри дастрас гардидани 50 ҳазор вояи ваксинаи “Модерна”таъкид намуд, ки дар навбати аввал табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф ва шахсони калонсол эмин мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар навбати аввал инчунин кормандони соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сарукор доранд, воя мегиранд.
Ба таъкиди роҳбари вилоят руйхати қишри осебпазири вилоят, ки синашон аз 18 боло мебошад, муайян шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки барои пурра эмин намудани аҳолӣ беш аз 300 ҳазор воя зарур мебошад.
Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Муовини раиси ВМКБ гирифтори коронавирус шуд: Ӯ гуфт, "ваксина гирифтаст" - акс
Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ба вилоят ҳудуди 5 хазор вояи “Астразенека” – ро дастрас намуд, ки бо он ашхоси аз 60 - сола боло ва кормандони соҳаи тиб эмин шуданд.
Ҳукумати ВМКБ афзуд, барои таъмини муассисаҳои тиббӣ ба наздикӣ дар Рӯшону Дарвоз коргоҳҳои тавлиди оксиген фаъол мешаванд. Таъкид шуд, ки бо фаъол гардидани ин коргоҳҳо мушкилоти таъмини муассисаҳои табобативу профилактикӣ бо оксиген аз миён бардошта хоҳад шуд.
Манбаъ афзуд, ки барои коҳиш додани хуруҷи коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар бозору хатсайрҳои мусофиркашонӣ, тарабхонаву тӯйхона, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, кам намудани теъдоди иштирокдорони чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ муҳим мебошад.
Лентаи хабарҳо
0