Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи тиллоро афзоиш дод

© AP / Matthias SchraderЗолотые слитки
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Вазорати саноати Тоҷикистон аз афзоиши истихроҷи тилло дар соли 2021 хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Тоҷикистон тавлиди тиллоро дар нимаи аввали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад афзоиш додааст,иттилоъ додааст вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
"Дар моҳҳои январ-июни соли равон дар кишвар 4206,3 кило тилло истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 кило зиёдтар аст", - иттилоъ додааст вазорат.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки бузургтарин корхонаи истихроҷи тиллои кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон" 3207 кило тилло истеҳсол кардааст.
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2020
Ӯзбекистон аз нигоҳи содироти тилло дар ҷаҳон аввал шуд
Дар давоми нимсолаи аввал ширкати мазкур барои навсозии истеҳсолот 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.
"Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон 3381 килоро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як тонна камтар буда аст", - иттилоъ додааст вазорат.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хабар расида буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 захираҳои байналмилалии Бонки Миллии Тоҷикистон коҳиш ёфтанд. Қайд карда шуд, ки коҳиши захираҳои тилло ва асъор метавонад ба фурӯши тилло ба хориҷ аз кишвар рабт дошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала