Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ бо "Moderna" оғоз шуд

© REUTERS \ Dado RuvicВакцина Pfizer и Moderna
Вакцина Pfizer и Moderna - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Ваксине, ки ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон дар доираи кӯмаки башардӯстона фиристод, ба тамоми манотиқи кишвар дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз 28 июл ваксинзанӣ бо "Moderna"- и амрикоӣ сар шуд, хабар медиҳад сомонаи Your.tj бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.
"Масъулони Вазорати тандурустӣ ваксини "Moderna" - ро ба ҳамаи манотиқи кишвар дастрас намуданд ва акнун афроди аз 18 - сола боло метавонанд ва марказҳои саломатии маҳалли зист муроҷиат намуда, тариқи ройгон эмгузаронӣ шаванд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шаби 26 июл ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines", 1,5 миллион воя ваксинаи "Moderna"- ро аз Амрико ба Душанбе интиқол дод.
Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ​​ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст.
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ: то охири сол 5,8 миллион нафар бар зидди коронавирус ваксин мегиранд
Тибқи иттилои сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 13% шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона оварда шуда буд ва 22 июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.
Лентаи хабарҳо
0