Вазирони дифои узви СҲШ дар Душанбе ҷамъ омаданд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны Таджикистана Шерали Мирзо
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Вазирони дифои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар ин ҷаласа ба шаҳри Душанбе омаданд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Тавре дафтари матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар додааст, дар ҳоли ҳозир, дар Душанбе ба ҷуз вазири дифои Ӯзбекистон дигар ҳамаи вазирони дифои узви кишварҳои СҲШ ҷамъ омаданд.
манбаъ таъкид дотааст, ки вазири мудофиаи Ӯзбекистон низ ба зудӣ ба онҳо ҳамроҳ хоҳад шуд.
Вазири мудофиаи Беларус низ ба ҳайси меҳмони ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон ворид шудаааст.
манбаъ таъкид доштааст, ки ҷаласаи вазирони мудофиа имрӯз, 28 июл таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор мешавад.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта мешавад.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.
Вазирон инчунин макон ва таърихи баргузории машқҳои муштараки низомӣ бо номи "Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия-2021)-ро мувофиқа мекунанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода шудааст, ки қарор аст, роҳбарони ҳайатаҳоро инчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала