Афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳама рекордҳоро шикаст

Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар болоравии бесобиқаи арзиши бензин ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли 2021, болоравии назарраси нархи сӯзишвории автомобилӣ қайд шудааст, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.
Тибқи маълумоти Агентии омор, бензин бештар аз ҳама молу маҳсулоти дигар қимат шудааст: нархи миёнаи чаканаи он тақрибан ду баробар, 44,5% афзудааст.
Танҳо дар як моҳи охир дар тамоми нуқтаҳо фурӯш ин навъи сӯзишворӣ 2,2% боло рафтааст.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Чаро маводи сӯхт дар Тоҷикистон қимат аст: Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро гуфт
Дар Тоҷикистон се бренди бензин ворид ва истифода мешавад: навъи арзонтараш - АИ-92 ва гаронтар АИ-95 ва АИ-98.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки болоравии тадриҷии арзиши бензини навъи АИ-92 моҳи майи соли 2020 пас аз якбора коҳиш ёфтани нархҳои чакана дар моҳҳои март-апрели соли 2020 то 28% (аз 7,21 то 5,19 сомонӣ барои як литр) оғоз ёфт.
Пас аз як сол, ин бренд, баръакс, ҳамон 28%, аз 7.02 то 9.17 сомонӣ қимат шуд.
Афзоиши охирин моҳи июни соли 2021 ба қайд гирифта шудааст - 2,2% ва имрӯз барои як литр 8,9 сомонӣ арзиш дорад.
На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
“Камчин нест, аммо қимат мешавад”: сабабҳои гароншавии нархи маводи сӯзишворӣ
Нархи сӯзишвории дизелӣ - 31,7% ва гази моеъ - 20,1% афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар Русия мебошад ва гази моеъ асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамчунин воридот аз Ӯзбекистону Туркманистон низ сурат мегирад, вале ба андозаи камтарин.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала