"Барқи тоҷик" гуфт, дар лоиҳаи CASA – 1000 таъхиркорӣ намешавад

ЛЭП. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
"Барқи тоҷик" мегӯяд, вазъи ноороми амниятӣ дар Афғонистон ба сохтмони лоиҳаи “CASA-1000” таъсир нарасонидааст
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Муҳаммадумар Асозода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо назардошти вазъи Афғонистон дар лоиҳаи сохтмони “CASA-1000” ягон қафомонӣ намешавад.
Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод изҳор дошта гуфт, ҳоло корҳо дар ин самт ба пуррагӣ идома доранд.
"Дар доираи лоиҳаи созишномаи генералӣ оид ба таъмини бехатарии хатти интиқоли барқ, ки аз Афғонистон мегузарад ва ҳамзамон бехатарии нигоҳдории таҷҳизотҳо, чорабинии махсус муаян карда шуд, ки он аз ҷониби чаҳор давлати иштирокчӣ қабул шуд", - мегӯяд Асадзода Маҳмадумар .
Ба гуфти Асозода "Барқи тоҷик" дар моҳи июн ҳолатҳои корношоям кардани сутунпояҳо бештар ба назар мерасид, моҳи ҷорӣ бошад, камтар шудааст.
Ӯ гуфт, бо назардошти вазъи амниятӣ дар Афғонистон интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвар бидуни маҳдудсозӣ идома дорад.
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Нархи қувваи барқ чӣ қадар гарон мешавад? шарҳи "Барқи тоҷик"
Арзиши барқ ба Афғонистон бо арзиши 4,56 сент тибқи созишномаҳо ба ширкати “Брешно”-и он кишвар фурӯхта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ мекунад.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон кишварҳое, мебошанд, ки дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала