Иштибоҳи дигари Байден: ӯ Обамаро Трамп гуфт - видео

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Ин бори аввал нест, ки раҳбари амрикоӣ ба хатогӣ роҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бори дигар дар ҳолати ногувор афтод: ӯ иштибоҳ кард ва пешгузаштагони худ Доналд Трампро Барак Обама гуфт.
Ин ҳодиса ҳангоми суханронии Байден дар Пенсилвания рух дод.
Раҳбари Кохи Сафед гуфт, ки соли 2009 "он вақт президент Трамп" ба ӯ дастур дод, ки саноати мошинсозиро аз бӯҳрон барорад. Ҳамааш хуб мебуд, агар он замон Трамп президент мебуд, вале он солҳо Барак Обама президент буд. То соли 2017.
Дар аҳди Обама, Байден ба ҳайси ноиби президент кор мекард.
"Бубахшед, иштибоҳи мисоли Фрейд... Ин президент Обама буд, вақте, ки ман ноиби президент будам", - худро фавран ислоҳ кард Байден.
Бояд қайд кард, ки сарвари кунунии Кохи Сафед бисёр ба ҳолатҳои ногувор меафтад: ӯ ё Камала Ҳаррисро президенти ИМА меномад, ё номи раҳбари Русия Владимир Путинро ("Президент Клутин") мегӯяд ё кишварҳоро аз ҳам фарқ намекунад (Сурияро Либия мегӯяд).
Исполняющий обязанности министра иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Шӯхии Лавров дар бораи дидори Путин ва Байден
Худи Байден инро эътироф кард ва худро "мошини ҳаргапгӯй" номид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала