Чангу ғубор ва то 41 дараҷа гармӣ: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 29 июл

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад.
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Снег в июле. Памир, Мургаб, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Тобистони барфӣ: навори барфрезӣ дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала