Минтақаҳои дӯстдоштаи муҳоҷирон дар вилояти Маскав маълум шуданд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксЖенщина с детьми в жилом комплексе
Женщина с детьми в жилом комплексе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Маскав барои иқомат минтақаҳои ба пойтахт наздиктарро интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Директори кулли Пажӯҳишгоҳи мушкилоти минтақавӣ Дмитрий Журавлёв гуфт, ки муҳоҷирон дар вилояти Маскв ба кадом минтақаҳо бартарӣ медиҳанд, хабар медиҳад Радиои 1.
Ба гуфти ӯ, миёни муҳоҷирон минтақаҳое маъмуланд, ки дар шафати Маскав ҷойгиранд.

"Зеро ин имкон медиҳад, ки ҳам минтақаи Маскав ва ҳам вилояти Маскавро дар як вақт истифода баранд", - гуфт Журавлёв.

Вай инчунин тавзеҳ дод, ки чунин ҷойгоҳ ба мардум дастрасӣ ба бартариҳои инфрасохтории ҳарду минтақаи кишварро фароҳам меорад.
Дар мавриди минтақаҳои мушаххаси ҷуғрофӣ, Журавлёв гуфт, ки Шарқ ва Ҷанубу Ғарб махсусан маъмуланд ва дар байни муҳоҷирон талаботи зиёд доранд.
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Кӯчи аср: оё русҳоро аз Осиёи Марказӣ ба Русия меоранд?
"Ҷанубу Ғарб аз нуқтаи назари иқлим беҳтар аст, аз ҷиҳати экологӣ, ягон минтақа беҳтаре аз ин ҷой, вуҷуд надорад. Ва Шарқ, барои он, ки дар он ҷо шаҳри калон аст, зеро саноати технологии мо дар замони шӯравӣ асосан дар ин ҷо рушд кардааст", - қайд кард коршинос.
Ғайр аз ин, роҳбари Пажӯҳишгоҳ афзуд, ки аз рӯи маъруфият дар байни русҳо, вилояти Маскав дар кишвар пас аз Маскав, Санкт-Петербург ва қаламрави Краснодар дар ҷои 4-ум қарор дорад.
Ҳамзамон, Журавлёв бар ин аст, ки дар вилояти Маскав имкони қабули сокинони нав нисбат ба дигар минтақаҳои Русия хеле зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала