Маҳви 189 ҷангии Толибон* дар Афғонистон давоми як рӯз

© AP / Bashir Khan SafiАфганский силовик во время боя с талибами, архивное фото
Афганский силовик во время боя с талибами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Дар музофотҳои Қандаҳон, Зобул, Ҳирот, Ҷузҷон ва Ҳилманд 138 ҷангии Толибон* аз ҷониби артиши Афғонистон кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта неруҳои ҳукуматии Афғонистон дасти кам 189 ҷангии "Толибон" - ро маҳв карданд.
Бар хабари Вазорати мудофиаи Афғонистон, 138 ҷангии дигар шадидан маҷрӯҳ гардиданд.
Гуфта мешавад, амалиёти маҳви Толибон дар 5 музофот, аз ҷумла Ҳилманд. Зобул, Ҳирот, Қандаҳон ва Ҷузҷон пиёда карда шуд. Дар баробари ба қатлу маҷрӯҳ гузоштани Толибон инчунин неруҳои ҳукуматӣ 32 дастгоҳитаркандаи сохтаи ҷангиёнро ошкор ва безарар намуданд.
Қаблан ҳам Вазорати мудофиаи Афғонистон аз кушта шудани 89 толиб хабар дода буд.
Афганские силовики прибыли на место где произошел взрыв в мечети 24 мая 2019  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Вазорати мудофиаи Афғонистон аз маҳви 89 ҷангии толиб хабар дод
Он замон амалиёт дар 10 шаҳри Афғонистон барои артиши ин кишвар бобарор анҷомид, зеро 89 ҷангӣ кушта шуду 82 нафари дигар шадидан маҷрӯҳ карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, 12 ҷангии Толибон*, аз ҷумла командир Аҳзаруллова ва қозии аз ҷониби Толибон таъйиншуда дар Таҳор, Муалавӣ Собир шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, вазъият дар Афғонистон феълан ноам аст ва задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ин кишвар ва ҷангиёни Толибон* башиддат идома дорад.
Толибон* иддао мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави ин кишварро ба тобеияти худ даровардаанд, вале Ҳукумати Кобул ин иддаҳоро дур аз воқеият медонад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала