Барчинии микроавтобусҳо аз кӯчаҳои Душанбе: шаҳрдорӣ чӣ нақша дорад?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПассажиры в маршрутке
Пассажиры в маршрутке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Мақомоти Душанбе нақша доранд, ба зудӣ тамоми микроавтобусҳоро аз кӯчаҳои шаҳр барчинанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Аз кӯчаҳои марказии Душанбе микроавтобусҳоро бармечинанд, хабар додааст муовини шаҳрдори пойтахт Амирхон Қурбонзода.
Ба гуфтаи вай, ин қарор ба навбат ба тамоми шаҳр дахл хоҳад дошт, чун кори ин намуд нақлиёт на ҳамеша ба талаботи хизматрасонии мусофирон ҷавобгӯ аст.
"Мо ҳама орзу мекунем, ки набераҳои мо дар Душанбе ба метро савор хоҳанд шуд, аммо ҳоло корро аз микроавтобусҳо сар мекунем", - изҳор дошт Қурбонзода.
Автобус №8 в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Автобуссавории вазири тоҷик: Ӯ аз танбакунӣ гуфт - на ҳурмати зану на мӯйсафед
Феълан, маршруткаҳоро аз кӯчаи марказии Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ барчидаанд. Дар нуқтаҳои дигари шаҳр феълан онҳо хизмат мерасонанд.
Қурбонзода таъкид кард, ки пас аз васеъ кардани ҳудуди шаҳр ба 7,6 ҳазор гектар мушкилии нав дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён омад.
Вай қайд кард, дар ҳудуде, ки ба қисми шаҳр ворид шудаанд, (ноҳияи Рӯдакӣ) наметавон хатсайрҳои тролейбус ва автобус роҳандозӣ кард, зеро он ҷо хати барқ нест.
"Ҳолати роҳҳо имкон намедиҳанд, ки дар онҳо нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шаванд. Бо ҳамин сабаб, мо наметавонем аз хизматрасонии микроавтобусҳо даст кашем", - тавзеҳ дод вай.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала