"Аз мусибати ба сари шумо омада, андӯҳгинам": Лукашенко ба Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Реҳлати инсони наздик ин фоҷеаи бузурге мебошад, ки дар қалби мо захмҳои ҳеҷ гоҳ шифонаёбандаро мегузорад, гуфт президенти Беларус ба раисҷумҳури Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо даргузашти хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори таслият кардааст.
Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад, аз номи Лукашенко ба Раҳмон номаи изҳори тасаллӣ ворид гардидааст.
Ага Хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Ҳамдардии Оқохони IV бо Эмомалӣ Раҳмон: "дуогӯ ва ғамшарики шумо ҳастам"
"Хабари ба сари Шумо омадани мусибати гарон – даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид", - омадааст дар номаи таслият.
Лукашнеко реҳлати нафари наздикро барои ҳар як шахс фоҷеае унвон кардааст, ки "захми он дар қалбҳо ҳеҷ гоҳ шифо намеёбад".
"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро қабул фармоед", - афзудааст вай.
Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт. Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова изҳори тасаллият кард. Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала