Нолаи ҷонкоҳи Сарвиноз Юсуфӣ дар сӯги додараш: "ту медонистӣ, ки маргат наздик аст"

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Сарвиноз Юсуфӣ мегӯяд додараш васият кардааст, ки ӯро назди модараш бихобонанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сарояндаи шинохтаи тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ, ки чанд рӯз пеш додараш - Саидҷаъфари 38-соларо аз даст дод, гуфтааст, ки бародараш аз маргаш хабардор будааст.
Сарвиноз мегӯяд, додараш васият карда будааст, ки ӯро дар назди модар ба хок бисупоранд. Овозхон дар сторисаш дар Instagram як сӯгвории ҷонкоҳе нашр кардааст.

"Додари ширинам 4 рӯз мешавад, ки зери хоки хунук хоб ҳастӣ. Ҳеҷ боварам нест, ки ту бо хок ҳамоғӯш шудаӣ, ҷони апа", - навиштааст сароянда.

Сарвиноз мегӯяд, ҳанӯз ғами марги модараш нагузашта буду боз андӯҳи гаронтар ӯро ғӯтавар кард.

"Чӣ қадр аз фироқи бемодарӣ сухта будӣ, ман ҳатто пай набурдам, ки туро ғам хӯрдааст. Ту медонистаӣ, ки марг наздик аст, аммо хомӯш будӣ. Ман гадои модар будам вале имрӯз гадои додарам, ай додари ғӯрамаргам. Чӣ гуна ғамҳои шуморо паси сар кунам, Очаҷон, Додарҷон? ", - нола мекунад Сарвиноз.

Ба сӯги додараш Сарвиноз як суруди ғамангезеро низ дар саҳифааш дар Instagram нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, додараш орзӯҳои зиёд дошт, вале ҳамаро бо худ зери хок бурд. Сабаби даргузашти додари Сарвиноз, ки аз худаш як сол хурдтар буд, номаълум аст.
Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин фоҷиа дар давоми ним сол дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ мебошад.
Моҳи феврали соли равон ӯ модари худро аз даст дода буд, ки бемории саратон дошт.
Ятими ашрофзода: Саидалӣ Маъмур рӯзҳои охир фақат аз писари ягонааш мепурсидааст
Сарвиноз аз маризии модараш дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфта буду, ровии барнома Орзу Исоевр ҳам, бо нақли ҷонкоҳаш гирён карда буд.
“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд. Бештари вақт ҳамроҳи ман аст”, - нақл карда буд овозхон дар ҳоле, ки аз аввал то охири мусоҳиба ашк мерехт.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Мотам дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ: додари сароянда даргузашт
Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар гуфта буд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад.
“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - акс
Ба нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.
Лентаи хабарҳо
0