Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба "ҷанг" омода мешаванд - Шойгу

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Ҳафтаи оянда низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 20 километр дуртар аз Афғонистон тамринот мегузаронанд. Чунин машқҳо тирамоҳ дар Қирғизистон низ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, дар робита ба фаъолшавии амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва кӯшиши интиқоли он ба кишварҳои осиёи марказӣ, чораҳои муқовимат андешида мешаванд.
Тавре Euronews хабар медиҳад, дар ин бора вазир дар нишасти сарони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ изҳор кардааст.
Шойгу қайд кардааст, ки омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш дода мешавад ва ба шарикон дар Осиёи Марказӣ кумак расонида мешавад.
Ба гуфти ӯ, Русия ҳаракати фаъоли ҷангҷӯёни Давлати Исломиро* ба қаламрави Афғонистон сабт кардааст.
"Мо мебинем, чӣ гуна воҳидҳои ДОИШ* аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз Сурия ва Либия ба он ҷо фаъолона ҳаракат мекунанд. Дар сурати таҳдид ба иттифоқчиёни мо, аъзои СААД, албатта, Русия вокуниш нишон медиҳад", - гуфт вазири дифоъ.
Вай таъкид кард, ки пойгоҳи 201-и Русия дар сурати таҳдид аз Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки низомӣ ироа хоҳад кард.
"Ҳафтаи оянда, барои омодагӣ ба вокуниш ба шиддатёбии вазъ дар Афғонистон, мо ҳамроҳ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қаламравҳояшон машқҳо мегузаронем", - гуфт Шойгу.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу дар бораи асир афтодан дар Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Тамринот 20 километр дуртар аз Афғонистон анҷом дода мешаванд. Ғайр аз он, вазир гуфт, ки моҳи сентябр дар полигони Донгузский дар вилояти Оренбург, машқҳои муштараки низомии фармондеҳӣ-штабии кишварҳои СҲШ таҳти унвони "Миссияи сулҳ -2021" баргузор мешаванд.
"Машқҳои шабеҳ, вале бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъии кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) тирамоҳ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд", - гуфт Шойгу.
Шойгу таъкид дошт, ки имрӯз дар атрофи кишварҳои СҲШ рӯйдодҳои пешгӯинашванда ба назар мерасанд.
* - Ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала