Сели пиряхӣ дар ноҳияи Лахш ду пулро хароб карду роҳ ба сӯи Қирғизистонро баст

© Sputnik / Амир ИсаевПо дороге в Панджруд
По дороге в Панджруд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Сели пиряхӣ роҳи мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқро барои чанд муддат масдуд кард. Ҳоло роҳ кушода шудааст, вале хавфи фаромадани селоба ҳамоно вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сатҳи оби дарёи Сурхобро зиёд намуд. Дар натиҷа як қисми роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқ вайрон шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, то як муддат ҳаракати нақлиёт дар ин масир баста шуд.
Ҳамзамон аснои баланд шудани сатҳи оби дарёи Кабутов ду пули нақлиётгузари деҳаи Ёрмазори ноҳияи мазкур тахриб гардиданд.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент: акс
© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯз, 19 июл селҳои харобиовар рух доданд

Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯз, 19 июл селҳои харобиовар рух доданд - Sputnik Тоҷикистон
1/8

Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯз, 19 июл селҳои харобиовар рух доданд

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ин офати табиӣ баробари хисороти моддӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

Ин офати табиӣ баробари хисороти моддӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт. - Sputnik Тоҷикистон
2/8

Ин офати табиӣ баробари хисороти моддӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

То ҳол аз марги 12 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд.

То ҳол аз марги 12 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд. - Sputnik Тоҷикистон
3/8

То ҳол аз марги 12 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд.

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст.

Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст. - Sputnik Тоҷикистон
4/8

Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст.

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Боронҳои шадид тамоми водии Зарафшонро фаро гирифтааст

Боронҳои шадид тамоми водии Зарафшонро фаро гирифтааст  - Sputnik Тоҷикистон
5/8

Боронҳои шадид тамоми водии Зарафшонро фаро гирифтааст

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо ба қайд гирифта шудааст

Дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо ба қайд гирифта шудааст - Sputnik Тоҷикистон
6/8

Дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо ба қайд гирифта шудааст

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент

8/8
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
1/8

Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯз, 19 июл селҳои харобиовар рух доданд

2/8

Ин офати табиӣ баробари хисороти моддӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

3/8

То ҳол аз марги 12 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд.

4/8

Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст.

5/8

Боронҳои шадид тамоми водии Зарафшонро фаро гирифтааст

6/8

Дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо ба қайд гирифта шудааст

7/8
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
8/8
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Манбаъ меафзояд, рӯзи 28 июл, дар кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш як қисми ками пирях канда шуд,ки дар натиҷа маҷрои дарёи Тугатро баст. Оби аз маҷрои дарё баромада дар километрҳои 249-250-ум қитъаҳои роҳи Вахдат — Лахш — Қирғизистонро зер карда, қисман маҷрои дарёи Сурхобро низ баста буд. Феълан ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст ва сабҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ боистинод ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушк ва гарм боқӣ мемонад. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар якчанд минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар баланд шудани ҳарорат омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала