Шералӣ Кабир: “Тоҷикистон аз кишварҳои ИДМ, ҳатто Чин пеш гузашт” - омори расмӣ

© © Sputnik / Амир ИсаевЗавод по производству флюорита "Талко"
Завод по производству флюорита Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзуд ва аз рӯи афзоиши суръат дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мақоми аввалро гирифт
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тибқи додаҳои омори расмӣ, Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кард.
Ба иттилои вазир ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллиард сомонӣ зиёд буда, сурати афзоиш 123, 4 фоизро ташкил медиҳад.
“Афзоиш бори аввал 23, 4% рушд мекунад. Бори аввал мо дар миқёси ИДМ аз рӯи суръати афзоиш мақоми аввалро мегирем. Бале, як иқтисоди хурд дорем, аммо рушдаш бомайлон идома дорад. Мо бояд инро донем ва аз ин пешрафти кишвари худ фахр кунем”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Тибқи иттилои Агентии омори Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманоеъ, тайи панҷ моҳи аввали соли равон рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Озарбойҷон 2,3, Қазоқистон 1,4, Молдова 11,9, Русия 3,2, Ӯзбекистон 8,2 ва Украина 2,2% афзуда, дар Озарбойҷон 2,2 ва Қирғизистон 9,7% пастравӣ дида шудааст.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, саноати маъдан 33,2, электроэнергия 34, саноати хӯрокворӣ 18, 1, саноати сабук 4,6, саноати сохтмон 9, саноати мошинсозӣ 7, саноати ангишт 0,8, саноати табъу нашр 0,6 ва саноати нафту газ 0,4% дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳисса доранд.
Цементный завод в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шералӣ Кабир сабаби кор накардани сад корхонаи Тоҷикистонро гуфт
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон тайи ним соли равон бори аввал дар таърихи Тоҷикистон содирот аз воридот бештар шуда, воридот 1 миллиарду 151 ва содирот 1 миллиарду 232 миллион долларро ташкил додааст, ки мутаносибан ҳаҷми воридоти мол 23% ва содироти он бошад 88% афзудааст ва ҳиссаи асосӣ дар афзоиш ба маҳсулоти саноати кӯҳӣ рост меояд.
Дар соли 2020 содироти Тоҷикистон 1,4 миллиард долларро ташкил дода буд, ки 1,2 миллиард он низ аз маҳсулоти саноати куҳӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала