Кушту худро ба дор овехт: тафсилоти ҷанҷоли ду духтари маст дар Панҷ - навор

© PixabayТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Сокини 27 - солаи ноҳияи Панҷ дугонаи худро аз ноҳияи Вахш, ки ба меҳмониаш омада буд, аввал бо табар зад ва сипас бо сим буғӣ карда, ба ҳалокат расондаст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳодисаи даҳшатбори қатли як духтари меҳмон аз ноҳияи Вахш сурат гирифт, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар деҳаи Оқсойи ин ноҳия дар хонаводаи Бобуловҳо рух додааст.
Духтари ин хонавода, Дилрабо Бобуловаи 27 - сола бо Шарипова Шоираи 21 - сола аз ноҳияи Вахш дӯстӣ пайдо намуда, ба хонаи ҳамдигар рафтуомад доштанд.
Манбаъ меафзояд, ин навбат Шоира меҳмони Дилрабо шуда, дар утоқи хоби ӯ нӯшокии зиёди спиртӣ истеъмол намуда пас аз сархуш шудан миёни онҳо муноқишае сар зад ва ҳамдигарро шадидан кӯфтанд.
Ба нақли Дилрабо ӯ ба меҳмони худ таҳдид намудааст, ки "агар сарашро як бори дигар вайрон кунад бо табар мекушад".

"Хестам табар овардам, гуфтам агар сари маро вайрон кунӣ бо табар мезанам. Дароз кашидам, вай боз ҳақорат кард. Хестам бо табар ба сараш задам", - мегӯяд Дилрабо.

Пас аз ин, меҳмондор чун дид, дугонаи ӯ оғуштаи хун аст, берун баромада сим овард ва бо ҳамон охиронро буғӣ карда, ба ҳалокат расонд.
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Боз куштор: ҷавони 20 -сола дар Рашт ҳамдеҳаашро корд зад
Зимнан, худ дохили анҷомхона даромада, хост худро овезад, вале пайвандони ӯ огоҳ шуда, фарзандашонро аз дами марг наҷот доданд.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Бобулова тибқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала