Тӯйҳои пурдабдаба дар Суғд: муаллиму бекорҳо карданд?

© Sputnik / Стас ЭтвешСвадьба в Таджикистане
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Дар вилоят дар нимсолаи аввал 74 нафар барои баргузории тӯю маъракаҳои пурдабдаба ҷарима шуданд, ки бештарашон расман бекор буданд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар ҳукумати Суғд, ҳангоми гузаронидани санҷиши баргузории маъракаҳо 74 ҳолати қонуншиканиро ошкор ва соҳибони туйю маросимро ба маблағи 337 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Аюб Саъдуллозода, сармутахассис шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар ҳукумати Суғд зимни нишасти матбуотӣ бо ироаи ин иттилоъ, омори баланди қонуншиканӣ дар шаҳру ноҳияҳоро шарҳ дод.
“Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 11, Панҷакент 9, Исфара 8 ва ноҳияи Ҷаббор Раслуов 6 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шудааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо мутаносибат 4 ва 3 ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Саъдуллозода.
Бино ба иттилоъи манбаъ аз 74 ҳолате, ки масъулин қонуншиканиҳоро давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сабт кардаанд, 37 маврид дар вақти баргузории тӯйи домодию арӯсӣ, 14 ҳолат ҳангоми баргузории ҷашни мавлуд, 10 маврид ҳангоми баргузории маъракаи азодорӣ, 8 дар баргузории хатнасур ва 5 ҳолат ҳангоми барпо намудани маъракаи домодталбон ошкор ва соҳибони маъракаҳо ҷарима шудаанд.
Молодожены обмениваются кольцами во время карантинных мер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Даъвати раиси Суғд барои худдорӣ аз тӯйу сурравӣ
Дар ин миён бузургтарин маблағи ҷарима 17 ҳазор сомонӣ шарҳ дода шуд, ки қонуншиканӣ дар вақти барпо намудани маъракаи домодталбон ошкор гардида, баррасии парванда бар асоси моддаи 10 и Қонуни танзим дар суд ба иҷро расонида шудааст.
Аюб Саъдуллозода, аз шахсияти нафари ҷаримашуда ном набурд ва танҳо гуфт, ки 14 зан ва 60 марде, ки дар ин давра ҷарима шудаанд ба ҳисоби се муаллим ҳама сокинони оддӣ ва расман бекор будаанд.
Саъдуллозода ба ин саволи рӯзноманигорон, ки чаро тӯйҳои пурдабдабаи афроди мансабдор, ки аксу навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳе нашр шуда, вале аз чашми кормандони шуъбаи танзим пинҳон мемонад, чунин посух гуфт:
“Мо ҳаракат мекунем, ки баргузории ҳар як туй ва маъракаҳоро санҷиш намоем, вале ин кор имкон надорад. Масъалан дар шаҳри Хуҷанд дар як рӯз гоҳе то 30 тӯйи арӯсию домодӣ баргузор мешавад, мо ба ҳамаи он расида наметавонем. Барои саривақт назорат намудани маърака ва ошкор намудани қонуншиканиҳо ба мо кӯмаки комиссияи ҷамъиятӣ зарур аст”.
Таджикская свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Дар Тоҷикистон шумораи тӯю талоқ замони пандемия коҳиш ёфт
Бар пояи иттилои шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд баргузории 8381 тӯйю маросим ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 2152 ҳолат кам гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала