ВКХ: Русия барои забти Афғонистон аз ҷониби Толибон* омода аст

© REUTERS \ Jim HollanderТабличка с надписью "Талибы" на юге Афганистана
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти Русия ҳатто сенарияҳои ғайривоқеии рушди вазъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуввуми Осиё оид ба корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки Русия ба ҳама натиҷаҳои муқовимати мақомоти Афғонистон ва Толибон* омода аст.
Вай қайд кард, ки тасарруфи қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон* сенарияи воқеии рушди рӯйдодҳо ба назар намерасад.

"Аввалан, мо фикр намекунем, ки чунин сенария рӯй диҳад, аммо мо барои ҳалатҳои мухталиф, агар кор то он ҷой кашад, омодаем," - гуфт Кабулов.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ илова намуд, ки Федератсияи Русия чунин натиҷаи рӯйдодҳои Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки фаъолсозии ҷангиёни ҷунбиши Толибон* дар заминаи хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон сурат гирифт.
Тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф, Толибон* аксари қаламрави кишвар, инчунин марзҳо ва гузаргоҳҳоро назорат мекунанд.
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Посухи ВКХ дар бораи музокироти эҳтимолии Толибон* ва Кобул дар Душанбе
Ҳамарӯза ҷангҳо барои минтақаҳо байни радикалҳо ва нерӯҳои ҳукуматӣ бошиддат сурат мегиранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан аз тасарруфи қаламравҳои шимолии Афғонистон аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон нигарон аст.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0