Хонадоршавӣ дар Хатлону ВМКБ кам шуду дар Суғд афзуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМолодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сатҳи издивоҷу талоқ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди издивоҷ, ки аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз аввали сол ба қайд гирифта шудаанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1% афзудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии омори кишвар.
Дар маҷмӯъ, дар саросари ҷумҳурӣ 32,4 ҳазор ҷуфт оиладор шудаанд. Тамоюли афзоиш ба истиснои вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ, дар дигар манотиқи кишвар дида мешавад.
Дар вилояти Суғд издивоҷ то 15% ё 9,1 ҳазор афзудааст.
Дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3,0% ё 7,5 ҳазор тӯй ва дар шаҳри Душанбе 3,5 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаанд (афзоиш 57,6%).
Молодая пара выясняет отношения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2020
Ақди никоҳ каму ҷудошавӣ ҳам кам: Кумитаи занон омори азҳампошии оилаҳоро гуфт
"Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи тӯйҳо 7,6% (501 издивоҷ) ва дар Хатлон 1,8% (11,8 ҳазор) коҳиш ёфт", - гуфтанд дар шӯъба.
Шумораи талоқҳо 17% афзудааст (942 далел). Ва омори қатъ шудани муносибатҳо дар саросари ҷумҳурӣ қариб ки яксон аст:
Суғд - 1959 (1,9% зиёд);
Хатлон - 1506 (20,9% бештар);
НТМ - 1698 (28,6% зиёдтар);
ВМКБ - 98 (22,5% бештар).
Дар пойтахт, мақомоти сабти аснод 1117 никоҳро бекор карданд ва ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 26,8% зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала