Агентӣ теъдоди бекорон дар Тоҷикистонро гуфт: бештараш занонанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Мизони бекорӣ дар Тоҷикистон дар нимсолаи соли 2021 нисбат ба солҳои пешин поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Агенти омори Тоҷикистон, теъдоди бекорони дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат расман сабтшуда, дар охири моҳи майи соли ҷорӣ 51 ҳазору 400 нафар будааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фисад коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Агентӣ, аз ҷумлаи бекорони бақайд гирифташуда 50,3 фисад ва ё 25,9 ҳазор нафар буда, сатҳи бекории расмӣ бақайд гирифташуда нисбат ба қувваҳои корӣ 2 фисадро ташкил медиҳад
Ширин Амонзода, вазири меҳнати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Музди ночиз: чаро созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират амалӣ намешавад
Аз шумораи умумии бекорони бақайд гирифташуда, ҳиссаи занон 50,3 фисад ва ё 25900 нафарро ташкил додааст
Аз шумораи умумии аҳолии бо кор машғул шахсони дар рӯйхатбуда, кироякорон дар корхонаҳои ҳаммаи шаклҳои моликият дар моҳи май 1227,3 ҳазор нафар ё 49,6 фисади шумораи умумии аҳолии машғулро ташкил медиҳад, афзудааст Агентӣ.
Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбат ба моҳи апрели соли равон 0,3 ва нисбат ба моҳи майи соли 2020 2,4 фисад зиёд шудааст.
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, дар моҳи майи соли ҷорӣ 1522 сомонӣ будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фисад афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала