Apple сар карду дигарон аз пайаш: андозгирӣ аз абарширкатҳои ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксМужчина на фоне лейбла компании Google
Мужчина на фоне лейбла компании Google - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар мавриди андозситонӣ аз ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ камбудиҳо ҷой доранд, аммо корҳо дар ин самт рафта истодаанд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд то кунун 18 ширкати хориҷие, ки ба хизматрасонии электронӣ машғуланд, дар мақомоти андозӣ ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз 18 ширкати бузурги хориҷие, ки ҳамчун андозсупоранда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 11 ададашон аллакай эъломияҳои худро пешниҳод намудаанду се ададашон андозро пардохт кардаанд.
Ҳаҷми андози пардохтнамудаи се ширкат ҳудуди 355 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад, ки ба гуфтаи Давлатзода ин оғози кор буда, андозсупории ширкатҳои дигар низ ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт. Ӯ афзуд, ки аслан пардохтҳо аз семоҳаи сеюм сар мешаваду сар аз август дигар ширкатҳо низ пардохт мекунанд.
Аз ҷумлаи ширкатҳое, ки то ҳол чун андозсупоранда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Apple, Amazon, Google, Delta, Facebook ва ғайра ном бурда шуданд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Мансабҳои холӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода аз 2 талаби асосию камбуди занони корҷӯ гуфт
Раиси Кумитаи андоз мегӯяд, ширкатҳои мазкур аз манбаъҳои ҷумҳурии Тоҷикистон фоида гирифта истодаанд, бояд андоз супоранд. Ӯ афзуд, ки феълан камбудиҳо дар ин бахш ҷой доранд ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Нахустин шуда, ширкати Apple Distribution International Limited ахиран дар Тоҷикистон аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.
Ба иттилои Кумитаи андоз, ширкати мазкур барои семоҳаҳои якум ва дуюми соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷа пардохт намуд.
Андозбандии ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон ба анҷоми хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, аз аввали соли равон роҳандозӣ гардид.
Нусратулло Давлатзода мегӯяд, чунин андозбандиҳо дар ҷаҳони муосир падидаи маъмулӣ буда, ҳудуди 170 давлати дунё аз ин шева кор мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала