300 рӯзи бемории коронавирус: ба кӣ таҳдид мекунад

Графическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Сабаби муддати дароз ранҷ кашидан аз коронавирус бо системаи иммунӣ иртибот доштааст
ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Як зани рус зиёда аз 300 рӯз аст, ки гирифтори коронавирус мебошад. Дар ин бора профессори Институти илм ва технологияи Сколково Георгий Базикин дар саҳифаи Фейсбуки худ дар бораи ҳодисаи нодир гуфтааст.
" Вирус метавонад дар бадани инсон муддатҳои тӯлонӣ афзоиш ёбад ва таҳаввул ёбад. Ин дар ҳолате рух медиҳад, ки агар бо ягон сабабе системаи масунияти одам суст шуда бошад", - навиштааст профессор.
Человек держит защитную медицинскую маску в руке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Раҳимӣ аз истеҳсоли маҳлули безараркунанда ва ниқобҳо бо оби нуқра гуфт
Ба гуфтаи Базикин, дар аксари беморон авҷи коронавирус дар тӯли чанд ҳафта мегузарад. Дар мавриди як зани рус, ки дар бадани ӯ сироят 318 рӯз давом мекард, COVID-19 аз сабаби набудани антитело ду маротиба тезтар рушд кардааст.
Дар шарҳҳои паём мутахассиси бемориҳои сироятӣ Оксана Станевич нишон дод, ки бемор 40-50 сола аст, дар ҳоле ки зан аз саратон ранҷ мебарад. Дар айни замон, ӯ аз коронавирус шифо ёфтааст.
Мутахассиси бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков дар мусоҳиба бо Лента.ру қайд кард, ки COVID-19 қодир аст аз антителаҳо гурезад ва пинҳон шавад, инчунин организмро аз тавлиди онҳо пешгирӣ кунад.
Вакцина Pfizer и Moderna - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ бо "Moderna" оғоз шуд
Коршиносон таъкид карданд, ки баъзе одамон дорои норасоии масуният мебошанд. Аз ин сабаб, вирусҳо метавонанд мутатсия шаванд.
Ба гуфтаи Тимаков, ин ҳолат нишон медиҳад, ки эмкунӣ алайҳи коронавирус бояд бо доруҳое гузаронида шавад, ки ҳам антитела ва ҳам масунияти ҳуҷайра ташкил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0