Даргузашти шарқшинос ва тарҷумони ҳирфаӣ Нағзибек Зардов

© FacebookНағзибек Зардов - шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ
Нағзибек Зардов - шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Шарқшинос ва тарҷумони касбии забони арабӣ Нағзибек Зардов дар Душанбе даргузашт
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Нағзибек Зардов шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ - падари Нигина Зардова корманди ВУХ Тоҷикистон дар синни 63-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Зардов шаби 30 - июл дар шаҳри Душанбе даргузашт, дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳ Маҳмуд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Сабаби марг номаълум аст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.

"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми падари корманди худ Нигина Зардова - шарқшинос ва тарҷумони касбии забони арабӣ Нағзибек Зардов сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва таслияти амиқ изҳор мекунад", - омадааст дар номаи таслият.

Ҳайати ВУХ - и Тоҷикистон таманно кардаанд, ки ҷои шодравон фирдавс бошад.
Нағзибек Зардов соли 1958 дар деҳаи Жовид (ҳоло Ҷовидон)-и ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омада, мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Соли 1975 ба факултаи шарқшиносии УДТ ба номи В.И.Ленин шомил гардида, соли 1980 онро бомуваффақият ба поён бурдааст.
Эркин Қосимов, собиқ сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Даргузашти дипломати тоҷик, собиқ ноиби аввали вазир ва сафир дар Лондон
Ихтисосаш забони арабӣ. Донандаи хуби забонҳои инглисӣ, арабӣ ва русӣ буд.
Собиқаи беш аз 30 соли тарҷумонӣ дар кишварҳои Ховари Миёна аз ҷумла, Сурия ва Ироқу Либиёро дошт.
Солҳои охир дар Маскав зиндагӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0