Энергетика, саноату кишоварзӣ: баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе даҳумин нишасти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран дар Душанбе даҳумин нишасти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон бо роҳбарии Далери Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар ва Муҳаммадгелди Сардоров, вазири дороӣ ва иқтисодии Туркманистон баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин нишаст натоиҷи иҷрои тавофуқоти нуҳумин нишасти камиссияи муштараки ду кишвар, ки дар моҳи ноябри соли 2019 дар пойтахти Ишқобод сурат гирифта буд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин, ҳар ду ҷониб дар хусуси вазъияти мавҷуди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва низ созукорҳои таъомулоти судманд дар заминаҳои энержӣ, саноатӣ, кишоварзӣ,ҳамлу нақл ва манобеи об табодули назар карданд.
Президент РТ Эмомали Рахмон вместе с президентом Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедовым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон маълум шуд
Гуфта шудааст, ки дар ин нишаст ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва башардӯстона низ тавваҷӯҳи ҷиддӣ дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҳар ду ҷониб дар поёни ин нишаст тафоҳумномаеро ба имзои расонданд.
Иттилоъ дода шуд, ки нишасти баъдии камиссияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон дар соли 2022 дар Ашқобод баргузор мешавад.
Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон пояи сиёсии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” гузошта шудааст.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Робитаҳо беҳтар мешаванд: баррасии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон
Моҳи феврали соли 1995 дар Ашхобод Сафорати Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.
Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ маҳсуб мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0